Дар Душанбе ҷаласаи васеи Шурои занони Агентии хизмати давлатӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оила баргузор шуд

Декабрь 27, 2023 14:05

ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амали Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ҷаласаи васеи Шурои занони Агентии хизмати давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар кори ҷаласа роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, занон-хизматчиёни давлатии вазорату идораҳо — ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» иштирок намуданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласаи васеи Шурои занон, дар аввал гузориши таҳлилӣ аз натиҷаи фаъолияти он дар соли 2023 ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои Шуро дар соли 2023 пешниҳод гардид.

Ҳазамон аз рӯи масъалаи дуюм лоиҳаи нақшаи Шурои занони Агентии хизмати давлатӣ рӯнамоӣ шуд.

Дар ҷаласаи Шуро иброз гардид, ки баланд бардоштани донишу малака ва касбияти занону духтарон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи хизмати давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби онҳо яке аз афзалияти Ҳукумати мамлакат буда, дар ин самт пайваста тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд.

Агентии хизмати давлатӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои санадҳои соҳавӣ ҳамкории судмандро амалӣ менамояд.

Дар ҷаласаи Шуро таъкид шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати  мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби занон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои лаёқатманд аз ҳисоби занон дар тамоми соҳаҳо, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, ҳамзамон дастгирии ташаббуси занон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд.

Дар соҳаи хизмати давлатӣ фаъолият доштани занону духтарон нишони эътимоду боварии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруву дониш, малакаи зеҳнӣ ва мавқеи арзандаи занон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Дар ҷамъбасти ҷаласаи васеи Шурои занони Агентии хизмати давлатӣ фаъолияти Шуро қаноатбахш арзёбӣ шуда, нақшаи чорабиниҳо барои соли 2024 тасдиқ гардид.

АКС: Агентии хизмати давлатӣ

Декабрь 27, 2023 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»