Дар Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Швейтсария баргузор шуд

Декабрь 9, 2023 10:55

ДУШАНБЕ, 09.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсии байниидоравии   вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни машваратҳо ҷонибҳо роҷеъ ба сатҳи кунунии ҳамкории ҳар ду давлат ва дурнамои он дар солҳои минбаъда мубодилаи афкор намуданд.

Дар баррасии масоили сиёсиву иқтисодӣ ва такмили пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ ҷонибҳо сатҳи татбиқи лоиҳаю барномаҳои шарикии рушд бо Швейтсарияро матраҳ намуда, ҳамзамон дар атрофи имкони густариши ҳамкории иқтисодӣ, байнипарлумонӣ, инчунин татбиқи лоиҳаву барномаҳои минтақавӣ табодули андеша намуданд.

Тоҷикистону Швейтсария дар баробари мавҷудияти абзори машваратҳои сиёсӣ, Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, дар доираи муассисаҳои молиявии Бреттон-Вудс, Фонди глобалии экологӣ, инчунин дар доираи СММ ва САҲА ҳамкории созанда ба роҳ мондаанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 9, 2023 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд