Дар Душанбе Фестивали байналмилалии Шарқ-Ғарб оид ба ҳунарҳои мардумии АвруОсиё бошукуҳ доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 23 декабр дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Фестивали байналмилалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиёӣ дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.
Дар фестивал ҳунармандон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ва намояндагони ёздаҳ давлати дунё намунаҳои беҳтарини намудҳои ҳунарҳои мардумии худро, ки комилан тавассути зеботарин ва арзишмандтарин ҳунар- ҳунари дастӣ сохта шуда буданд, ба маърази тамошо гузоштанд.
Ҳунармандон офаридаҳои худро ба меҳмонони олиқадр ва иштирокчиёни фестивал муаррифӣ намуда, оид ба таърихи пайдоиш, тарзи таҳия ва аҳамияти ҳунарҳои волои дастӣ сухан гуфтанд.
Дар барномаи фарҳангию фароғатӣ иброз гардид, ки дар ворид шудани ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик, аз қабили ҷашни Сада, «Тазҳиб-санъати зарҳалкорӣ» ва ҳунари атласу адрасбофӣ ба феҳристи мероси ғайримоддии башарият муҳтарам Пешвои муаззами миллат нақши беандоза доранд.
Воқеан, ҳифзи мероси миллию умумибашарӣ, рушди ҳунарҳои дастӣ ва табодули эҷодкорию офарандагӣ дар замони муосир барои ҳар давлату миллат пураҳаммият буда, на танҳо ба густариши соҳаи фарҳанг, балки таҳкими робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Сипас ҳунармандони мамлакат ва меҳмонони Фестивали байналмилалии Шарқ-Ғарб бо дипломҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир ҳунармандони тоҷик бо пешниҳоди барномаи зебои фарҳангӣ табъи меҳмонону иштирокчиёнро болида гардониданд. Таъкид шуд, ки ҳамаи миллатҳоро дар ин фазои самимӣ фарҳангу ҳунар ба ҳам овардааст ва маҳз бо баҳрагирӣ аз қудрати ҳунар ва нигоҳи фарҳангӣ метавон хурсанду хушбахт ва пойдору поянда зиндагӣ намуд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






