Дар Душанбе Форуми якуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти техникӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Форуми якуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти техникӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникӣ хабар доданд.
Дар доираи форум Созишномаи таълимии муштарак дар Маркази Лубан аз рӯйи ихтисосҳои геодезияи муҳандисӣ ва таъмини гармӣ байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, Донишгоҳи касбӣ — техникии идораи сохтмони шаҳрии Тянҷини Чин ва Донишгоҳи шаҳрсозии Тянҷини Чин дар зинаи бакалавриат ва магистратура ба имзо расонида шуд.
Созишнома дар таҳкими минбаъдаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи таҳсилоти олӣ, таҳсилоти касбӣ ва технологияҳои амалӣ, инчунин баҳри таҳкими дӯстии халқҳои ду мамлакати дӯст, Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷин, Донишгоҳи шаҳрсозии Тянҷин ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Бояд гуфт, ки Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистон ва Чин – коргоҳи Лубан дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи касбӣ — техникии идораи сохтмони шаҳрии Тянҷини Чин бунёд гардидааст.
Коргоҳи Лубан — бренди машҳури байналмилалии мубодилаи фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Мардуми Чин ва мамлакатҳои хориҷӣ буда, аз маҷмуи марказҳои таълимӣ-амалии ихтисосҳои муҳандисӣ иборат мебошад, ки он дар беш аз 20 мамлакат — Осиё, Аврупо, Африқо ва Канада бунёд шудааст.
Коргоҳи Лубан дар Тоҷикистон аввалин иншооти тарҳи зерин дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, ба татбиқи ин лоиҳа таваҷҷуҳи роҳбарони олии ҳарду мамлакат назаррас мебошад. Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистон ва Чин – коргоҳи Лубан аз 2 маркази таълимӣ-амалии муҳандисӣ: Маркази таълимӣ- амалии геодезия ва картографияи интеллектуалӣ ва Маркази омӯзиши амалии энергияи «сабз» иборат мебошад.
Ҳамчунин дар доираи форум бо мақсади пайванди илм ва истеҳсолот, татбиқи таҳсилоти дуалӣ ва гузаронидани дарсҳои озмоишӣ – амалӣ филиали Маркази амалӣ ва таҷрибавии Лубани Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ










Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Омина Холиқзода дар Чин соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 12 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд






