Дар Душанбе масъалаҳои тақвияти ҳамкории Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Академияи хоҷагии халқ ва идораи давлатии Русия баррасӣ гардиданд

Декабрь 14, 2023 13:33

ДУШАНБЕ, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои тақвияти ҳамкории минбаъда байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи хоҷагии халқ ва идораи давлатии назди Президенти Федератсияи Русия дар мулоқоти директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов ва ноиби ректори Академияи хоҷагии халқ ва идораи давлатии назди Президенти Федератсияи Русия Полина Немировченко ва ҳайати он баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд.

Гуфта шуд, ки дар асоси уҳдадориҳои Созишномаи ҳамкории байни Академияи хоҷагии халқ ва идораи давлатии назди Президенти Федератсияи Русия ва Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас ҷиҳати бунёди заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ, тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ анҷом дода шудаанд. Аз соли 2002 то соли 2006 аз рӯи барномаи таҳсилоти олии дуюм, аспирантура ва докторантура зиёда аз 72 хизматчии давлатии Тоҷикистон Академияи русиягии хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро хатм намуданд.

Давоми солҳои 2007-2020 ҷиҳати иштирок дар машғулияти такмили ихтисос ва дигар чорабиниҳои соҳаи хизмати давлатӣ 17  корманди Агентии хизмати давлатӣ ба Федератсияи Русия сафар намуданд.

Инчунин Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки хизматчиёни давлатиро дар машғулияти такмили ихтисос, ки бо иштироки омӯзгорони Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия ташкил гардид, таъмин менамояд.

Дар робита ба ҷараёни иҷрои Созишномаи ҳамкорӣ ноиби ректори Академияи хоҷагии халқ ва идораи давлатии назди Президенти Федератсияи Русия Полина Немировченко изҳори қаноатмандӣ намуда, тақвияти ҳамкориро бо назардошти имконияти муосири мавҷуда дар ин Академия пешниҳод намуд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 14, 2023 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад