Дар Душанбе оид ба ширкатҳои фаромиллӣ ва ҷалби онҳо ба шарикии иҷтимоӣ омӯзиш гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 18.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат барои мутахассисони федератсия ва роҳбарони соҳавии иттифоқҳои касаба дар мавзуи «Ширкатҳои фаромиллӣ ва ҷалби онҳо ба шарикии иҷтимоӣ: ҳолат ва дурнамо» омӯзиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ифтитоҳи омӯзиш Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва мутахассиси калони Бюрои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар шаҳри Москва оид ба ҳадафҳои баргузории он ибрози андеша намуданд.
Дар омӯзиш асосан масоили таҳлили вазъи кунунии муколамаи иҷтимоӣ дар коллективҳои меҳнатии ширкатҳои фаромиллии соҳаҳои мухталифи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои байналмилалии меҳнат ва тавсияҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба татбиқи онҳо, таҷриба ва амалия, ширкатҳои фаромиллӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандон, таҷрибаи ширкатҳои муштарак дар танзим ва сатҳи татбиқи муколамаи иҷтимоӣ дар корхона, ҳифз ва бехатарии меҳнат, масъалаҳои татбиқи меъёрҳои қонунгузории меҳнат баррасӣ гардиданд.
Иброз гардид, ки ташкилоти иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои мавҷуда барои ба шарикии иҷтимоӣ ҷалб намудани корфармоёни ширкатҳои фаромиллӣ кори мақсаднокро пеш мебаранд.
АКС: Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






