Дар Душанбе Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба лоиҳаи НБО-и «Роғун» ба имзо расонида шуд
ДУШАНБЕ, 04.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба имзо расонида шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Созишнома имрӯз дар вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдураҳмон Ал-Маршад ба имзо расид.
Ҳадафи асосии созишнома- ин иштирок дар маблағгузории сохтмони иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷиҳати таъмини неруи барқи барқароршаванда барои афзоиши истеҳсоли неруи «сабз» ва пешбурди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистон мебошад.
Арзиши умумии созишнома 100 млн доллари амрикоиро ташкил дода, пурра аз ҳисоби маблағҳои қарзи имтиёзноки Фонди Саудии Рушд маблағгузорӣ мегардад.
Зимни вохӯрии Файзиддин Қаҳҳорзода ва Султон Абдураҳмон Ал-Маршад масъалаҳои мубрами сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаи энергетика ва дигар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт баррасӣ гардида, оид ба рушду тақвияти бештари ҳамкорӣ изҳори омодагӣ гардид.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд






