Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ,14.12.2023/АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар бахши авиатсияи гражданӣ густариш медиҳанд. Дар ин иртибот дар Душанбе мулоқоти директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар, директори минтақавии Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Тоҷикистон (ТИКА) Иброҳим Этҳем Унал баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот таъкид шуд, ки авиатсияи гражданӣ яке аз соҳаҳои муҳими ҳамкории байни ду давлат маҳсуб ёфта, он пайваста рушду такомул меёбад.
Ҳамзамон дар мулоқот имзо намудани Ёддошти тафоҳуми нав байни мақомоти авиатсионӣ, масъалаҳои зиёд намудани шумораи парвозҳои мусофиркашонӣ, ифтитоҳи парвозҳои боркашонӣ, паст намудани нархи сӯзишворӣ ва хизматрасонии рӯизаминӣ дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки парвозҳои боркашонӣ ҷиҳати рушди ҳамкории иқтисодӣ заминаи мусоидро фароҳам меорад.
Директори минтақавии Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар оянда дар доираи ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсия барои пешрафти соҳа, аз ҷумла барои бозомӯзии мутахассисони соҳа, омӯзиши мутахассисони фурудгоҳҳо, мубодилаи таҷрибаи давлати Туркия ва дигар амалҳо мусоидат менамояд.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






