Дар Душанбе вобаста ба амалишавии ду қонуни миллӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 09.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов бо иштироки устодону донишҷӯёни муассиса ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Дар ҳамоиш намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мазмуну моҳияти қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва риоя гардидани онҳо аз ҷониби ҷавонон, инчунин камхарҷу сода баргузор намудани чорабиниҳо, иду ҷашнҳо ва тӯю маъракаҳо маъруза намуданд.
Аз ҷумла, вобаста ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, зӯроварӣ дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҳифз намудани Истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ, муқаддасоти Ватан, ҳимояи марзу буми мамлакат сухан гуфтанд.
Тазаккур дода шуд, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ волидон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба тарбияи дурусти онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. Ҷавононро бояд тавре тарбия намоем, ки онҳо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок намуда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлоли давлатӣ ва рушди Тоҷикистон саҳми назаррас гузоранд.
Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки қабули қонунҳои миллӣ аз иқдоми хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон башорат дода, онҳо ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва тарбияи дурусти шаҳрвандон нигаронида шудаанд.
Аз ҷумла, гуфта шуд, ки аҳамият ва муҳимияти қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»-ро ба назар гирифта, имрӯзҳо давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз ин таҷрибаи нодир истифода мебаранд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






