Дар Душанбе вобаста ба масоили мубрами минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд

Декабрь 7, 2023 14:29

ДУШАНБЕ, 07.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масоили мубрами минтақаи Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамои таъмини амният» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ, ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода рушди ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиёи Марказиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, иброз дошт, ки мамлакати мо аз тарҳҳои ҳамгироии минтақавӣ ҳамеша ҳимоят намудааст. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз давлатҳои Осиёи Марказиро на танҳо ҷуғрофия ва таърихи умумӣ, балки манфиатҳои муштарак дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва ғайра муттаҳид месозанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳои фаъол дар раванди ҳамгироии минтақавӣ ба шумор меравад.

«Роҳбарияти давлати Тоҷикистон ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ медонад ва ин бардоштро дар амалияи сиёсии худ давоми се даҳсолаи охир борҳо нишон додааст. Мо якҷоя ва дар ҳамкории созандаву ҳусни эътимод бо якдигар метавонем бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа муқовимат ва истодагарӣ намоем, чунки ҳамгироии созандаи минтақавӣ ба манфиати давлату халқҳои ҳамаи минтақа ва ҳар давлати Осиёи Марказӣ аст»,-изҳор дошт директори Марказ.

Таъкид гардид, ки аҳаммияти самти минтақавии сиёсати хориҷии мо, пеш аз ҳама, дар он ифода мешавад, ки имрӯз манфиатҳои миллӣ, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодии давлатҳои минтақа бо ҳам вобастагии зич дошта, таъмини комили рушду амнияти ҳар мамлакат танҳо дар заминаи таъмини рушду амнияти минтақавӣ имконпазир мебошад. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли минтақа ҷонибдори ҳамкориву ҳамгароии минтақавӣ буда, ба рушди робитаҳои баробарсатҳ дар ин самт аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.

АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 7, 2023 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд