Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба рушди низоми бонкӣ ва рақамикунонии бахши молиявӣ конфронси байналмилалӣ доир гардид

Декабрь 20, 2023 09:56

ДУШАНБЕ, 20.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи «Рушди низоми бонкӣ ва рақамикунонии бахши молиявӣ» бо иштироки коршиносони соҳа аз ташкилоту муассисаҳои молиявии мамлакат, намоядагони бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилоти суғуртавӣ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ хабар доданд.

Гуфта шуд, ки гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва татбиқи муносибатҳои иқтисодӣ тариқи технологияҳои инноватсионӣ нақши бонкҳоро дар иқтисодиёт боз ҳам боло мебарад. Зеро ҳисоббаробаркунӣ байни субъектони хоҷагидорӣ ба воситаи ташкилоти қарзӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ гардида, раванди гузариш ба иқтисоди рақамиро суръат мебахшад.

Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ малакаҳои нав ва кадрҳои баландихтисосро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ бо мақсади самаранок иҷро намудани ниёзҳои муштариён талаб менамояд. Ташкилоти қарзӣ фаъолияти худро тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ такмил медиҳанд, ки ин имкон медиҳад муваффақ ва рақобатпазир бошанд.

Конфронс дар чор бахш: «Рақамикунонӣ ҳамчун пешбарандаи фаъолияти инноватсионӣ дар низоми бонкӣ», «Гузаштани хизматрасонии давлатӣ ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ», «Нақши рақамикунонӣ дар баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ» ва «Мавқеи рақамикунонии низоми молиявӣ дар рушди устувори иқтисоди миллӣ» гузашта, дар он маърузаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли ҳузурӣ ва ғоибона (маҷозӣ) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар конфронси байналмилалӣ беш аз 140 олиму муҳаққиқ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ватанӣ ва хориҷӣ, аз қабили Юнон, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон маърузаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

Декабрь 20, 2023 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст