РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Дар Хоруғ машварати омӯзишӣ доир гардид

Декабрь 13, 2023 15:31

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Хоруғ бо мақсади расонидани ёрии методӣ ва ба ин васила дуруст омӯзонидани ҳуҷҷатгузорӣ дар мавзуи риоя намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикситон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати он» дар идораву муассисаҳо машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ  хабар медиҳад.

Дар кори машварати омӯзишӣ оид ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ маълумот дода шуда, иброз гардид, ки имло либоси забон мебошад. Қоидаҳои имло ҳуҷҷати меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба шумор мераванд. Риоя намудани қоидаҳо яке аз муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  буда, сабти чунин зарурат дар аснод тибқи қоидаҳои муайян доир  мегардад.

Иброз гардид, ки санадҳои коргузорӣ намудҳои гуногун дошта, ҳар кадоме аз онҳо қолаб ва шакли хос дорад. Ба ҳуҷҷатҳои нақшагирӣ ҳуҷҷатҳои ташкиливу фармоишӣ; таъйиднома (акт), мактубҳои расмӣ, дастурамал, оиннома, низомнома, фармон, суратмаҷлис, дастур, гузориш, тасдиқнома, шаҳодатнома, барқия, дархостнома, забонхат ва ғайра дохил мешаванд.

Ҳамзамон дар машаварат оид  ба мушкилоти асосии қоидаҳои имло ҳарф зада, оид ба мавқеи навишти «ӯ»-и дароз ва «у»-и кӯтоҳ, «и»-и кӯтоҳ ва «ӣ»-и дароз, аломатҳои «ъ» ва ҷудоӣ «ь» маълумоти мушаххас дода шуд.

Тазаккур дода шуд, ки мактубҳои расмӣ ҳадаф ва вазифаҳои мушаххас доранд ва ба навъҳои гуногун ҷудо мешаванд: мактубҳои расмӣ, дастурӣ, замимахат, даъватнома, иттлоотӣ, огоҳӣ, тасдиқӣ, ёдоварӣ, кафолатӣ, ибтикорӣ, ҷавобӣ ва ғайра. Бинобар ин ҳар  корманди муассисаву идораи давлатию ҷамъиятиро зарур аст, ки қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва фарҳанги забони тоҷикиро пурра аз худ намояд.

Иштирокчиёни машварат оид ба масъалаҳои баҳсноки қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба сари ҳокимият омадан диққати махсусро ба ҳифзу инкишофи забони тоҷикӣ равона намуда, бо додани мақоми давлатӣ ба он ҷойгоҳи забони миллиро муайяну мустаҳкам намуданд.

Бо ба роҳ мондани иқдому ташаббус ва тасмиму қарорҳои зиёду саривақтӣ дар муддати кӯтоҳ забони шевои миллии мо на танҳо дар сарзамини аҷдодӣ рушд намуд, балки бо кӯшиши Пешвои миллат аз минбари муътабартарин институти ҷаҳонӣ- Созмони Милали Муттаҳид садо дод. Он имрӯз ба сифати забони тамаддуни бостонӣ дар чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсию илмӣ ва фарҳангии байналхалқӣ бештар истифода мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Декабрь 13, 2023 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд