Дар Ҳисор ғолибони Фестивал-озмуни сурудҳои ватандӯстона қадрдонӣ шуданд

Декабрь 7, 2023 11:28

ҲИСОР, 07.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр бахшида ба 29-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони «Васфи Ватан» доир гардид. Дар ин хусус котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Дар барнома натиҷаҳои ҷамъбасти Фестивал – Озмуни сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони «Васфи Ватан» аз рӯйи номинатсияҳои «Ровигӣ», «Навозандагӣ», «Рақс» ва «Сарояндагӣ» муайян гардид. Дар он зиёда аз 450 нафар иштирок ва ҳунару истеъдоди худро бо роҳнамоии устодон пешкаши ҳакамон намуданд. Дар натиҷа 22 нафар аз рӯи номинатсияҳои «Ровигӣ», «Навозандагӣ», «Рақс» ва «Сарояндагӣ» ғолиб омада, сазовори туҳфаҳо шуданд.

Бо хулосаи ҳайати ҳакамон Шоҳҷоизаи Фестивал – Озмуни сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони «Васфи Ватан» ба ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор лоиқ доиниста шуд.

Мақсад аз баргузории фестивал –озмун дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ ва интихоби намунаҳои беҳтарин оҳангу суруд мебошад.

Ҳамчунин дар ҷамъомад Соли фаъолгардонии ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор эълон гардидани соли 2023 натиҷагирӣ шуд. Дар натиҷа кумитаву ташкилоти ибтидоии фаъол, аз ҷумла кумитаҳои иҷроияи ибтидоии «Ворисони Сино», «Маорифчиён» ва «Сино», ташкилоти ибтидоии «Табибон», «Омӯзгорон», «Касбомӯз», «Табассум», «Агротехсервис», «Заминсоз», «Роҳи оҳанчиён», «Таъминоти бехатарии озуқаворӣ», «Бойгонӣ», «Бозори самоҳ» ва «Бойгонии Ҳисор» бо диплом ва ҷоизаи «Беҳтарин ташкилоти ибтидоии сол» қадрдонӣ шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Декабрь 7, 2023 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид