Дар Кения тақрибан 150 нафар дар натиҷаи обхезӣ ҳалок шуданд
ДУШАНБЕ, 06.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳалокшудагони обхезиҳо дар минтақаҳои гуногуни Кения, ки бар асари тӯфони «Эл Нино» ба вуҷуд омаданд, ба 142 нафар расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Тибқи иттилои нашрияи минтақавии Malindi Kenya, дар се ҳафтаи охир бар асари бориш ва обхезиҳо минтақаҳои шарқии соҳилии ин кишвар, ки дар он ҷо инфрасохтор аз ҳама бештар осеб дидааст, хароб гардидаанд. Дар маҷмуъ аз обхезӣ 452 ҳазор нафар зарар дидаанд.
Қаблан иттилоъ расида буд, ки аз аввали моҳи ноябр дар натиҷаи обхезӣ 71 нафар ҳалок шудаанд.
Зимнан роҳҳое, ки пойтахти Кенияро бо минтақаҳои соҳилӣ пайваст менамоянд, бо сабаби корҳои таъмирӣ баста боқӣ мемонанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






