Дар Кения тақрибан 150 нафар дар натиҷаи обхезӣ ҳалок шуданд

Декабрь 6, 2023 15:57

ДУШАНБЕ, 06.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳалокшудагони обхезиҳо дар минтақаҳои гуногуни Кения, ки бар асари тӯфони «Эл Нино» ба вуҷуд омаданд, ба 142 нафар расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Тибқи иттилои нашрияи минтақавии Malindi Kenya, дар се ҳафтаи охир бар асари бориш ва обхезиҳо минтақаҳои шарқии соҳилии ин кишвар, ки дар он ҷо инфрасохтор аз ҳама бештар осеб дидааст, хароб гардидаанд. Дар маҷмуъ аз обхезӣ 452 ҳазор нафар зарар дидаанд.

Қаблан иттилоъ расида буд, ки аз аввали моҳи ноябр дар натиҷаи обхезӣ 71 нафар ҳалок шудаанд.

Зимнан роҳҳое, ки пойтахти Кенияро бо минтақаҳои соҳилӣ пайваст менамоянд, бо сабаби корҳои таъмирӣ баста боқӣ мемонанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 6, 2023 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд