Дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вобаста ба оқилона истифода бурдани қувваи барқ вохӯрӣ доир шуд

Декабрь 3, 2023 10:25

ДУШАНБЕ, 03.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр  дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии прокурори калони шуъбаи муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Зафар  Тоҷибекзода бо омӯзгорону кормандони коллеҷ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва сабабҳои воқеии маҳдудияти таьминоти неруи барқ дар мавсими зимистони солҳои 2023-2024 баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Дар вохӯрӣ ҷиҳати истифодаи оқилонаи қувваи барқ ва  давраи зимистонгузаронӣ сухан гуфта шуд.

Дар идомаи ҷаласа Зафар Тоҷибекзода аз шахсони масъул дархост намуд, ки барои оқилона истифода бурдани қувваи барқ, риояи ҳатмии қоидаҳои зидди сӯхтор ва пешгирии дигар ҳодисаҳои нохуш саҳм гузоранд.

Гуфта мешавад, ки  аз ҷониби маъмурияти коллеҷ барои сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ назорати қатъӣ бурда мешавад, то донишҷӯён қувваи барқро дар хобгоҳ сарфакорона истифода бурда, таҷҳизоти барқиро сари вақт хомӯш намоянд ва бо ин пеши роҳи сӯхторҳоро гиранд.

АКС: АМИТ Ховар

Декабрь 3, 2023 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд