Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор вобаста ба роҳҳои муқовимат ба коррупсия ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд

Декабрь 12, 2023 15:11

ҲИСОР, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор  дар мавзуъҳои «Таърихи пайдоиши коррупсия» ва «Омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодии густариши коррупсия ва роҳҳои муқовимат ба он дар Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Коллеҷи тиббӣ иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки имрӯзҳо мушкилоти коррупсия дар соҳаҳои гуногуни фаъолият дида мешаванд. Омилҳои коррупсионӣ таҳдиди мустақим ба амнияти миллӣ буда, ба рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, амалӣ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, муносибатҳои моликият, илму маориф халал мерасонанд. Илова бар ин, фасод аз ҳама бештар ба рушди иқтисод, низоми молӣ ва дар маҷмуъ, ба тамоми зерсохторҳои давлат таъсири манфӣ мерасонад.

Мутобиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» муқаррар гардидааст, ки коррупсия кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ)-и шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имконияти он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар мебошад. Хурсандиовар аст, ки бо мақсади мубориза бар зидди ҳолатҳои коррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳо ва барномаҳои гуногун қабул шудаанд.

Дар мавзуи «Таърихи пайдоиши коррупсия» гуфта шуд, ки коррупсия таърихи қадимӣ дошта, яке аз муҳимтарин масъала ва мушкилоти иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Таҳқиқи илмии ин зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ асосан дар охири садаи бистум оғоз гардид. Замоне, ки муаррихон ҷузъиёти ин ё он зуҳур ва падидаи ришвахӯриро сабт менамуданд, андешаи ҷомеа дар атрофи он ҳамчун амали дур аз ахлоқ, ки тобиши ҷиноятӣ дорад, ташаккул меёфт.

Дар даҳсолаҳои охир ҷомеаи башарӣ бо якчанд мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ шудааст, ки ҳалли худро тақозо менамоянд. Аз ҷумла, яке аз онҳо боло рафтани сатҳи зуҳуроти коррупсионӣ мебошад, ки ба амнияти давлату миллатҳо, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар умум ба ҳаёти инсоният таҳдид менамояд.

АКС:  Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Декабрь 12, 2023 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид