Дар Куала Лумпур роҳбарони мақомоти омори Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти омори Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориро тақвият мебахшанд. Ин дар ҳолест, ки 14 декабри соли равон дар пойтахти Малайзия — шаҳри Куала Лумпур вохӯрии директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо роҳбари мақомоти омори Ҳукумати Малайзия Моҳд Узир Маҳидин баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, вохӯрӣ дар ҳошияи ҷаласаи 19-уми Шўрои роҳбарикунандаи Донишкадаи омори Созмони Милали Муттаҳид барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, ки дар шаҳри Куала Лумпури Ҷумҳурии Малайзия баргузор гардида истодааст, доир шуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои оғози ҳамкории дуҷониба байни мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия, табодули таҷриба дар самти ҷамъоварӣ, таҳлил ва паҳнкунии маълумоти оморӣ, фаро гирифтани мутахассисон барои омӯзиш дар Маркази омӯзишии омори Малайзия ва дигар масъалаҳои судманд баррасӣ гардиданд
Ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки аз рӯи тартиботи муайянгардида, ҷиҳати расмӣ намудани ҳамкорӣ, меморандум оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расонанд.
Мавриди тазаккур аст, ки дар ин сафар вохӯрии директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони мақомоти омори дигар давлатҳо ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ дар назар дошта шудааст.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






