Дар Мастчоҳ корҳои таъмиру омодасозии иншооти обрасонӣ ба мавсими нав идома доранд

Декабрь 23, 2023 09:07

ДУШАНБЕ, 23.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ дар пойгоҳҳои обкашии «Янтоқ-1» ва «Дилварзин‐1» ҷараёни корҳои таъмиру омодасозии иншооти обрасонӣ ба мавсими нав идома доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар ноҳияи Мастчоҳ Раиси вилояти Суғд бо пойгоҳҳои обкашӣ ва  ҷараёни корҳои таъмиру омодасозии иншооти обрасонӣ ба мавсими нав шинос гардид.

Корҳои таъмиру тармими иншооти соҳа моҳи октябр оғоз ёфта, дар ҳамаи 56 дастгоҳи обкашии ноҳия идома доранд. То имрӯз муҳаррикҳои дастгоҳҳои обкашӣ аз таъмир бароварда шуда, барои таъмини таҷҳизоти зарурии иншооти гидротехникӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо шудаанд.

Дар ноҳия ҳамзамон тоза намудани 32 км канал ба​ нақша гирифта шуда, то имрӯз дар 10 км корҳо ба анҷом расидаанд. Барои иҷрои корҳо аз Идораи беҳдошти замин ва обёрии вилоят низ техникаи зарурӣ равона шудааст.

Раиси вилоят барои пурра ба анҷом расонидани корҳои омодагӣ ва таъмири дастгоҳҳои обкашӣ ба масъулин супоришҳо дода, роҳбарияти идораҳои соҳавиро ба ҳавасманд намудани кормандони соҳаи обрасонӣ вазифадор намуд.

Сипас, роҳбари вилоят бо фаъолияти гармхонаҳои ноҳия шинос шуда, барои дар муҳлати муқарраршуда кишту парвариш намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини саривақтии бозорҳо бо маҳсулоти тару тоза супоришҳо дод.

Ҳамзамон дар ноҳияи Мастчоҳ Раиси вилоят бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи ресандагии «Арвис Зелал Текстайл»  шинос шуд.

Дар корхона дар айни замон қариб 300  зану духтар бо кор таъмин гардида, ояндаи наздик боз 100 нафари дигар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб мешаванд.

«Арвис Зелал Текстайл» дар натиҷаи тадбирандешиҳои саривақтии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Мастчоҳ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бо ташаббуси соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия пас аз солҳои бозистӣ ба кор андохта шуда, дар корхона коркарди нахи пахта ба роҳ монда шудааст.

Корхона бо таҷҳизоти замонавии истеҳсоли давлатҳои пешрафта муҷаҳҳаз буда, давоми сол муваффақона ришта истеҳсол менамояд.

«Арвис Зелал Текстайл» дар як сол то 5000 тонна пахтаро коркард ва аз он ришта истеҳсол намуда, маҳсулот содирот мешавад. Соли равон қариб 3000 тонна пахта коркард шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 23, 2023 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд