Дар намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар Русия имконияти вилояти Суғд муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 06.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр дар Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва муаррифии имконияти вилояти Суғд баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар намоиши сатҳи баланд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Сергей Катирин, намояндагони палатаҳои савдо ва саноати ду ҷониб, ташкилоту идораҳои давлатии Русия ва Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва сармоягузорон иштирок намуданд.
Сергей Катирин аз сафари кориаш ба вилояти Суғд ёдовар шуда, ташкили намоиши маҳсулот ва муаррифии имконияти вилояти Суғд дар шаҳри Москваро қадами навбатӣ дар роҳи рушди муносибатҳои дӯстона арзёбӣ намуд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода таҳкими муносибатҳои минтақавӣ байни вилоятҳои ду давлатро муҳим донист.
Таъкид гардид, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин робита байни Тоҷикистон ва Русия дар сатҳи баланд қарор дорад.
Раиси вилояти Суғд изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон саноатикунонии босуръат ҳадафи стратегӣ эълон гардида, рушди соҳаи саноат таъмин мегардад. Дар Суғд беш аз 1200 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, беш аз 250 номгӯй маҳсулот истеҳсол мешавад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол аз сол зиёд ва барои рушди соҳа зарфияти мавҷуда истифода мегардад.
Дар вилояти Суғд фазои мусоиди сармоягузорӣ мавҷуд буда, якчанд корхонаи саноатӣ бо сармоягузории шарикон аз Федератсияи Русия ташкил шудааст. Ҳоло барои ҷалби бештари сармоя ва амалисозии тарҳҳои муштарак имконияти истифоданашуда хеле зиёд аст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд






