Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъоварии ҳосили қулфинай идома дорад
ДУШАНБЕ, 30.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъоварии ҳосили қулфинай бомаром идома дорад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили қулфинай дар гармхонаҳо шинос шуд. Ин гармхонаҳо зери роҳбарии Искандар Аваззода дар масоҳати 1 гектар барои парвариши қулфинай бунёд шуда, 1 моҳ мешавад, ки ҳосили онро ба бозор баровардаанд. Дар назар аст, ки аз 1 гектар 15 тонна қулфинай ҳосил гирифта шавад.
Ба иттилои деҳқонон, соли равон парвариши қулфинай нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта хеле хуб буда, 1 килои он ҳоло 90 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо гармхона рушди соҳаи кишоварзӣ ва ташкили чунин иншоотро омили муҳими таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи худӣ маънидод намуда, барои густариши фаъолияти минбаъдаву афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар гармхона ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
АКС: шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон









Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






