Дар ноҳияи Кӯшониён даври ноҳиявии олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимӣ идома дорад
КӮШОНИЁН, 09.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Кӯшониён даври ноҳиявии олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимӣ идома дорад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Дар олимпиадаи фаннии хонандагон давоми як моҳ аз рӯи ёздаҳ фанни таълимӣ хонандагони ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона иштирок намуда, барои иштирок дар даври баъдии он омодагӣ мегиранд.
Тавре директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Кӯшониён Умедҷон Холмуродов иброз намуд, завқу рағбати хонандагон аз ҳамин даврҳои олимпиадаҳо барои интихоби касб дар оянда оғоз мешавад. Хонандагоне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд, иштирокчии бевоситаи ҳамин гуна олимпиадаҳо ҳастанд.
Бо натиҷагирӣ аз иштироки хонандагон дар олимпиадаи имсола масъулини соҳа иброз менамоянд, ки сол аз сол таваҷҷуҳу ҳавасмандии мактаббачагон аз ҳама муассисаҳои таълимӣ барои иштирок дар чунин сабқатҳои зеҳнӣ меафзояд ва маҳз ҳамин гуна тадбирҳо имкон медиҳанд, ки хонандагони мо барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ ҳамаҷониба омода гарданд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас аҳамияти аввалиндараҷа дода, дар ин замина сол аз сол ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати донишандӯзии насли наврас шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ гардонида мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд






