Дар ноҳияи Кӯшониён Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ба истифода дода шуд

Декабрь 13, 2023 11:29

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ сохта шуда, аз 2 ошёна, ҳашт утоқи корӣ ва ошхона иборат аст.

Дар ифтитоҳи Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Раиси вилояти Хатлон ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ зимни суҳбат бо кормандон таваҷҷуҳи онҳоро ба таъмини амнияти озуқаворӣ, назорати доимӣ ва бехатарии маҳсулоти истеъмолӣ, ки шарти муҳими солимии мардум ба ҳисоб меравад, ҷалб намуда, барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дар оянда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Кумитаи бехатарии озуқаворӣ тасмим гирифтааст, ки то арафаи ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон якчанд биноҳои наву замонавиро барои фароҳам овардани шароити хуби меҳнатии мутахассисони соҳа  сохта, ба истифода диҳад.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 13, 2023 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд