Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №136 ба истифода дода шуд

Декабрь 23, 2023 16:36

РӮДАКӢ, 23.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар  ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №136-и ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Бинои нави иловагии муассиса аз ду ошёна ва 12 синфхона барои 240 ҷойи нишаст дар 2 баст иборат буда, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳаз гардонида шудааст.

Соҳаи маориф яке аз самтҳои асосии низоми иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Барои рушди устувори соҳаи маориф ва муҳайё намудани шароити мусоиди таҳсилу тадрис дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд.

Яке аз мушкилоти асосии соҳаи маориф- ин норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад, ки сол то сол ин мушкилӣ ҳалли хешро меёбад. Аз ҷумла, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №136 мушкилоти норасоии ҷойи нишаст мавҷуд буд, ки бо сохтани бинои иловагӣ ин мушкилӣ бартараф гардид.

Зимни ифтитоҳи ин муассисаи таълимӣ падару модарон ва омӯзгорони муассиса   ваъда доданд, ки насли наврасро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Декабрь 23, 2023 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад