Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба аҳолӣ роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятиро меомӯзонанд
Ш.ШОҲИН, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Шамсиддини Шоҳин баҳри баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолии ноҳия ва шинос намудани онҳо бо бемориҳои мавсимӣ, сироятӣ ва ғайрисироятӣ, аз қабили сил, ҳорӣ, зардпарвин, сирояти шадиди роҳҳои нафас, сирояти шадиди рӯдаю меъда дар ҷамоатҳои деҳоти Шурообод, Доғистон, Даштиҷум, Лангар ва Нуриддин Маҳмуд байни кормандони ташкилоту муассиса ва аҳолӣ корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Дар ин хусус директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Абдурфайз Мирзоев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ дод.
Зимни вохӯриҳо ба сокинон аломатҳои ин бемориҳо, роҳҳои пешгирӣ ва табобати онҳо фаҳмонида шуда, ҳамчунин маводи иттилоотӣ тақсим гардид.
Кормандони марказ бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ низ вохӯрда, ба онҳо роҳҳои пешгирӣ намудани бемориҳои сироятиро фаҳмониданд ва тавсия доданд, ки бештар ба варзиш машғул шаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






