Дар ноҳияи Зафаробод бинои хуштарҳу замонавии филиали «Амонатбонк» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бинои хуштарҳу замонавии филиали рақами 28-и Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо иштироки раиси Раёсати бонк, раиси ноҳияи Зафаробод ва намояндагони бахши минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба истифода дода шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки бинои филиал аз 2 ошёна иборат буда, дорои ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, анбор, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад ва барои тақвияти хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ таъмин шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи бино раиси Раёсати КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиин Икромӣ таъкид намуд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии бонкӣ, риояи қатъии қоидаҳои одоби муошират бо мизоҷон, тарғибу ташвиқи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои молиявӣ ва пешниҳоди ҳарчи бештари қарзҳо ба аҳолӣ, хусусан ба соҳибкорону кишоварзони ноҳияи Зафаробод бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарону кормандони филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ қарор дошта бошад.
АКС: «Амонатбонк»








ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2600 то 9.2700 сомонӣ муқаррар шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
Ҷаласаи панелии соҳавии «Шарикии рушд: тасмимҳои бонкӣ ва суғуртавӣ барои ҷомеаи соҳибкорӣ» баргузор шуд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд






