Дар Норак вобаста ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 07.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-и деҳаи Чашмаи Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак бо мақсади ташаккули мафкураи ҳуқуқии ҷавонон ва аҳолӣ таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон — омили таҳкими пояҳои давлатдорӣ» бо хонандагон ва волидайни онҳо мулоқот баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд.
Дар вохӯрӣ нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва дастуру супоришҳои муҳим ба ҳозирин расонида шуданд.
Масъулин ҳамзамон оид ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи садоқат ба Ватан, ба таври ихтиёрӣ хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, тарбияи кадрҳои баландихтисос, пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ, масъалаи ҷудошавии оилаҳо дар байни ҷавонон, иззату эҳтироми падару модар, омӯзгорон ва хизмати содиқона намудан ба Ватан сухан гуфтанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






