ДАР ОБОДИИ ШАҲРАМ САҲМ МЕГУЗОРАМ! Сокинони шаҳри Бӯстон дар шанбегӣ фаъолона иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар назди кӯли шаҳрӣ шанбегии шаҳрӣ ташкил гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон.
Дар ҳашар сокинони гуногункасб, кормандони Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ ва аҳли ҷамоат иштирок намуда, атрофи кӯли шаҳрӣ ва меҳмонхонаи «Хуҷанд»-ро аз алафҳои худрӯй, баргу хазон ва ҳар гуна партовҳо тоза намуданд. Ҳамзамон кормандони Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ бо техникаҳои зарурӣ дар тозагии ин минтақа фаъолона иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар айни замон корҳои барқарорсозии кӯли шаҳрӣ ва пуркунии босуръати об бомаром идома доранд.
Дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар назар дошта шудааст, ки меҳмонхонаи «Хуҷанд» низ таъмиру барқарор ва ба истифода дода шавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






