Дар ҳошияи COP28 чорабинии канорӣ дар мавзуи «Шабакаҳои лабораторӣ: муҳимият, мушкилот, комёбиҳо ва нигоҳи он» баргузор шуд

Декабрь 12, 2023 16:45

ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб дар ҳошияи COP28 чорабинии канорӣ дар мавзуи «Шабакаҳои лабораторӣ: муҳимият, мушкилот, комёбиҳо ва нигоҳи  он» баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ хабар медиҳад.

Дар чорабинии канорӣ Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода, директори минтақавии Каритаси Швейтсария дар Осиёи Марказӣ Шинан Кассам, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикикистон Баҳодур Шерализода ва намояндагони Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода вобаста ба самтҳои асосии фаъолияти амнияти озуқаворӣ, яъне назорат дар самти байторӣ, фитосанитарӣ, тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, инчунин тарзи додани иҷозатномаҳои воридот, содирот ва транзити молҳои назоратшаванда сухан гуфт.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 12, 2023 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд