Дар ҳошияи COP28 ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд

Декабрь 12, 2023 13:26

ДУШАНБЕ,12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон тавассути чорабиниҳо, аз қабили Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим авлавият додааст. Тавассути ин ташаббусҳо Тоҷикистон пешсафиии худро дар масъалаҳои экологӣ ва тағйирёбии иқлим нишон дод. Чунин таъкид шуд дар мулоқоти  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо роҳбари ҳайати Арабистони Саудӣ дар COP28, вазири энергетикаи Арабистони Саудӣ, шоҳзода Абдулазиз ибни Салмон Ал-Сауд, ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Баҳодур Шерализода ҳамчунин доир ба қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 маълумот дода, иброз дошт, ки «тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони давлатҳои ҷаҳон дар COP-28 баён доштанд, Тоҷикистон аввалин шуда, ба Хазинаи байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо саҳми молиявӣ мегузорад».

Дар мулоқот ҷонибҳо  масъалаҳои вобаста ба ташаббусҳои ҳифзи муҳити зист ва иқлимро баррасӣ намуданд. Баҳодур Шерализода уҳдадориҳои Тоҷикистонро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва талошҳои он дар бахши ҳифзи муҳити зист таъкид намуд. Ҳарду ҷониб инчунин раванди гуфтушунидро оид ба тағйирёбии иқлим баррасӣ намуда, аҳамияти дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои боқимондаро дар ҷараёни гуфтушунид дар COP-28 таъкид намуданд. Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бори дигар аҳдномаи худро ҷиҳати ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо  ҷиҳати ҳалли мушкилоти рӯзафзуни иқлимии ҷаҳон, аз ҷумла  дар доираи Шурои Хазинаи Иқлими Сабз баён доштанд.

Мулоқоти Баҳодур Шерализода ва Шоҳзода Абдулазиз бин Салмон Ал-Сауд аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо тағйирёбии иқлимро таъкид менамояд. Бо мубодилаи таҷриба ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳо давлатҳо метавонанд дар амалҳои иқлимии худ ҳадафҳои бештар ба даст оранд.

Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба тағйирёбии иқлим шаҳодати роҳбарӣ ва аҳдофи Тоҷикистон барои эҷоди рушд ва ояндаи устувор барои шаҳрвандон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 12, 2023 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБИ ТОЗА ТО РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР, ҲИФЗШУДА ВА БОЭЪТИМОД. Андешаҳо дар ин маврид
Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст