Дар Палатаи ҳисоб бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Идораи швейтсарӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ вохӯрӣ доир шуд

Декабрь 13, 2023 15:07

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи швейтсарӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ вохӯрӣ намуданд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар бахши иттилоот ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи Палатаи ҳисоб хабар доданд.

Вохӯрӣ дар  заминаи  Ёддошти тафоҳуми чорҷониба оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ширкати байналмилалии машваратии Британияи Кабир (СИПФА)  ва Ташкилоти рушди ИНТОСАЙ, ки Палатаи ҳисоб ба гурӯҳи Ташаббуси глобалии ҳисоботдиҳии мақомоти олии аудит (МОА) шомил гардидааст, доир шуда, масъалаҳои мубрам бо мақсади дастгирии Палатаи ҳисоб ҷиҳати рушди фаъолият мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳозирин аз ҳамкории мутақобилан судманди тарафайн изҳори хушнудӣ намуда, барои самарабахш гардонидани он пешниҳодҳои ҷолиб баён доштанд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин ҳамоҳангсозу менеҷер ва дигар коршиносони масоили гуногуни ташкилоти Ташкилоти рушди ИНТОСАЙ тариқи онлайн иштирок намуданд.

АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 13, 2023 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст