Дар шаҳри Бохтар Форуми соҳибкории G5 баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 20.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон –шаҳри Бохтар бо ибтикори Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми соҳибкории G5 бо иштироки беш аз 600 нафар соҳибкорони ватанӣ, намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, сармоягузорон ва шарикони рушд баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» иттилоъ доданд, форум бори нуҳум аст, ки доир шуда, дар самти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон имконияти нав пешниҳод менамояд. Нахустин маротиба бо ташаббуси Муассиса ва дастгирии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми G5 дар сатҳи минтақавӣ гузаронида мешавад.
Дар форум 6 соҳибкори муваффақи ватанӣ доир ба мавзуъҳои мубрами фаъолияти соҳибкорӣ ва инчунин таҷрибаву муваффақияти худ табодули афкор менамоянд.
Ҳадафи форум- баланд бардоштани малакаҳои соҳибкории ҷавонон, ҳавасманд ва ҷалб намудани онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ, муаррифии имконоти сайёҳии ҷумҳурӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва мусоидат ба рушди иқтисоди мамлакат мебошад.
Форуми G5 метавонад ба рушди малакаҳои соҳибкории ҷавонон, таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ, инчунин таҳкими муколама ва ҳамкории минбаъда байни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ мусоидат намояд.
Бояд гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳама суханрониҳояшон дастгирии соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории хурду миёна ва амалигардонии стартапҳоро дар ҷумҳурӣ таъкид менамоянд.
Таъсиси грантҳои президентӣ, барномаҳои гуногуни дастгирии давлатии соҳибкорӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ», қонунҳои амалкунанда дар самти соҳибкорӣ аз тадбирҳои муҳим мебошанд. Қабули «Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» низ далели дастгирии навбатии Ҳукумати мамлакат дар ин самт мебошад.
Баргузор намудани чунин форумҳо метавонад ба ҳавасманд гардонидани соҳибкорони навкор, пайдо намудани шарикони нави тиҷоратӣ, муколамаи доираҳои тиҷоратӣ ва ривоҷи ҳамкорӣ байни соҳибкорон мусоидат намояд.
АКС: Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон»








Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд






