Дар шаҳри Гулистон форум оид ба тавонмандсозии ҷавонон доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд таҳти унвони «Тавонмандсозии ҷавонон барои иштирок дар қабули қарорҳо ва мусоидат ҷиҳати рушди ҷомеа» Форуми таҷрибаивазкунӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба форум, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамсол ва ҳамсол» доир шуд, беш аз 70 ҷавон аз шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ҳисор, Ҷалолиддини Балхӣ, Бохтар ва Ҷаббор Расулов ҷалб гардида, ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Дар форум иброз гардид, ки тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ ниҳоят манфиатбахш буда, ин яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро неруи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эътироф менамояд.
Тазаккур дода шуд, ки барои ҷавонон тамоми имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ба ин хотир ҷавононро мебояд аз ин шароит самаранок истифода намоянд.
Дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат ҷавонони мамлакат ба хотири ободиву пешрафти Тоҷикистон чун ҳарвақта муттаҳиду пешсаф мебошанд. Ҳоло дар назди ҷавонон масъалаҳое меистанд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дарку ҳалли онҳо аз ҷавонон дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамоянд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






