Дар шаҳри Хоруғ коргоҳи коркарди гиёҳҳои шифобахш таъсис меёбад
ДУШАНБЕ, 06.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ коргоҳи истеҳсоли маводи доруворӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш таъсис меёбад. Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори муваффақ Нигина Ватанбекова бунёд гардида, моҳи августи соли 2024 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба рўзномаи «Нигини Хоруғ».
Коргоҳи мазкур ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он аз 33 намуд гиёҳҳои шифобахш беш аз 65 номгӯйи доруворӣ тайёр карда мешавад.
Иқтидори истеҳсолии корхона марҳила ба марҳила зиёд гашта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот низ афзоиш хоҳад ёфт. Дар ин коргоҳ 30 нафар шаҳрвандони бешуғл бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон номгӯйи зиёди гиёҳҳои шифобахш мавҷуд буда, дар натиҷаи коркард барои муолиҷаи бемориҳои зиёд истифода бурда мешаванд.
Тибқи иттилои масъулин, дар Тоҷикистон зиёда аз 3500 то 5 500 растанӣ мерӯянд, ки ҳамаи онҳо хосияти шифобахшӣ доранд.
АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»








ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид






