Дар шаҳри Хоруғ коргоҳи коркарди гиёҳҳои шифобахш таъсис меёбад

Декабрь 6, 2023 10:39

ДУШАНБЕ, 06.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ коргоҳи  истеҳсоли маводи доруворӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш таъсис меёбад. Корхонаи мазкур  аз ҷониби соҳибкори муваффақ Нигина Ватанбекова бунёд гардида, моҳи августи соли 2024 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба рўзномаи «Нигини Хоруғ».

Коргоҳи  мазкур ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он аз 33 намуд гиёҳҳои шифобахш беш аз 65 номгӯйи доруворӣ тайёр  карда мешавад.

Иқтидори истеҳсолии корхона марҳила ба марҳила  зиёд гашта,  ҳаҷми  истеҳсоли маҳсулот низ афзоиш хоҳад ёфт. Дар ин коргоҳ 30 нафар шаҳрвандони бешуғл бо ҷойи кори доимӣ  таъмин карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон  номгӯйи зиёди гиёҳҳои шифобахш мавҷуд буда, дар натиҷаи коркард барои муолиҷаи бемориҳои зиёд истифода бурда мешаванд.

Тибқи иттилои масъулин, дар Тоҷикистон  зиёда аз 3500 то 5 500 растанӣ мерӯянд, ки ҳамаи онҳо хосияти шифобахшӣ доранд.

АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»

Декабрь 6, 2023 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ месозад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон 4,7 баробар зиёд гардидааст
Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид