Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид

Декабрь 2, 2023 08:44

СУҒД, 02.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  29 ноябр дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид, ки дар он  варзишгарон аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Беларус ва Русия иштирок намуданд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам   дар Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар доданд.  

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар мусобиқа тамоми варзишгарон — парчамбардорони Тоҷикистони соҳибистиқлол ва меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба онҳо муваффақият орзу намуд.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз татбиқи барномаҳои соҳавӣ, рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тамоми тадбирҳоро​ меандешад.

Таъсиси Стипендияи Раиси вилоят барои варзишгарони беҳтарини вилоят, қадршиносии варзишгарон, иштироки дастаҳои футболи вилоят дар Лигаи олӣ ва Лигаи якуми мамлакат, баргузории мусобиқаҳои вилоятию минтақавӣ ва маҳаллӣ, таъмини иштироки дастаҳои мунтахаби вилоят дар чемпионатҳои ҷумҳурӣ ва мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ шаҳодати ғамхории рӯзафзуни давлат ва ҳукумат мебошад.

Дар шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят давоми моҳҳои октябр — ноябри соли 2023  3 мусобиқаи байналмилалӣ, аз ҷумла Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ бо иштироки беш аз 20 давлат, Мусобиқаи кушод оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бо иштироки 5 давлат ва якумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 8 давлат баргузор гардид.

Баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол аст, ки​ дар вилоят ба ҳукми анъана даромадааст. Ин сабаб мегардад, ки варзишгарони беҳтарин малакаю маҳораташонро сайқал дода, дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ намоянд.

Дар анҷоми мусобиқа ба як зумра варзишгарон ҷоизаҳо супорида шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Декабрь 2, 2023 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд