Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид
СУҒД, 02.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид, ки дар он варзишгарон аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Беларус ва Русия иштирок намуданд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар мусобиқа тамоми варзишгарон — парчамбардорони Тоҷикистони соҳибистиқлол ва меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба онҳо муваффақият орзу намуд.
Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз татбиқи барномаҳои соҳавӣ, рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тамоми тадбирҳоро меандешад.
Таъсиси Стипендияи Раиси вилоят барои варзишгарони беҳтарини вилоят, қадршиносии варзишгарон, иштироки дастаҳои футболи вилоят дар Лигаи олӣ ва Лигаи якуми мамлакат, баргузории мусобиқаҳои вилоятию минтақавӣ ва маҳаллӣ, таъмини иштироки дастаҳои мунтахаби вилоят дар чемпионатҳои ҷумҳурӣ ва мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ шаҳодати ғамхории рӯзафзуни давлат ва ҳукумат мебошад.
Дар шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят давоми моҳҳои октябр — ноябри соли 2023 3 мусобиқаи байналмилалӣ, аз ҷумла Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ бо иштироки беш аз 20 давлат, Мусобиқаи кушод оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бо иштироки 5 давлат ва якумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 8 давлат баргузор гардид.
Баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол аст, ки дар вилоят ба ҳукми анъана даромадааст. Ин сабаб мегардад, ки варзишгарони беҳтарин малакаю маҳораташонро сайқал дода, дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ намоянд.
Дар анҷоми мусобиқа ба як зумра варзишгарон ҷоизаҳо супорида шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






