Дар шаҳри Ҳисор ба 74 оилаи аз офати табиӣ зарардида кумак расонида шуд
ҲИСОР, 09.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳр аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 74 хонаводаи аз офати табиӣ зарардида кумаки моддӣ, аз қабили орд, равған ва нахӯд расонида шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.
Ёдовар мешавем, ки 27 августи соли равон бар асари бориши зиёд деҳаҳои Шӯроби Искандар, Шӯроби Афғон ва Гулрези Ҷамоати деҳоти Сомон, Меҳргон ва Арбобии Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, Тӯда ва Тӯдаи Болои Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, Зартеппаи Ҷамоати деҳоти Дурбат, Кӯрпаӣ, Ҷиргинак, Дарозӣ, Ҳофизкада, Лойоб, Бобосурхон ва Ободдараи Ҷамоати деҳоти Алмосӣ зарар диданд.
Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ин маротибаи дуюм аст, ки аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони ин ҷамоатҳои деҳот кумаки моддӣ расонида мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид






