Дар шаҳри Ҳисор ба 74 оилаи аз офати табиӣ зарардида кумак расонида шуд

Декабрь 9, 2023 14:18

ҲИСОР, 09.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳр аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 74 хонаводаи аз офати табиӣ зарардида кумаки моддӣ, аз қабили орд, равған ва нахӯд расонида  шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.

Ёдовар мешавем, ки 27 августи соли равон бар асари бориши зиёд деҳаҳои Шӯроби Искандар, Шӯроби Афғон ва Гулрези Ҷамоати деҳоти Сомон, Меҳргон ва Арбобии Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, Тӯда ва Тӯдаи Болои Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, Зартеппаи Ҷамоати деҳоти Дурбат, Кӯрпаӣ, Ҷиргинак, Дарозӣ, Ҳофизкада, Лойоб, Бобосурхон ва Ободдараи Ҷамоати деҳоти Алмосӣ зарар диданд.

Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ин маротибаи дуюм аст, ки аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони ин ҷамоатҳои деҳот кумаки моддӣ расонида мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Декабрь 9, 2023 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид