Дар шаҳри Левакант корхонаҳои пахтатозакунии «Суҳробҷон» ва «Пахтаи Левакант» ба кор шуруъ намуданд
ДУШАНБЕ, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 декабр дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон бо иштироки Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Левакант Бунафша Файзиддинзода дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ду корхонаи пахтатозакунӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суҳробҷон» ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ таҷҳизот барои навсозӣ аз давлати Чин харидорӣ намуда, дар он 14 нафар шаҳрвандон ба ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи Левакант» бошад, ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ таҷҳизот барои навсозӣ аз давлати Чин харидорӣ намудааст.
Ҳоло корхонаи мазкур 20 тонна пахта қабул намуда, дар он 6 нафар сокинон ба ҷои кор таъмин гардидаанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта ба меҳнату заҳмати мутахассисон баҳои баланд дод.
АКС: Шуъбаи итттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд






