Дар шаҳри Левакант корхонаҳои пахтатозакунии «Суҳробҷон» ва «Пахтаи Левакант» ба кор шуруъ намуданд

Декабрь 14, 2023 15:00

ДУШАНБЕ, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 декабр дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон бо иштироки Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Левакант Бунафша Файзиддинзода дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ду корхонаи пахтатозакунӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суҳробҷон» ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ таҷҳизот барои  навсозӣ аз давлати Чин харидорӣ намуда, дар он 14 нафар шаҳрвандон ба ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти  маҳдуди «Пахтаи Левакант» бошад, ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ таҷҳизот барои  навсозӣ аз давлати Чин харидорӣ  намудааст.

Ҳоло корхонаи мазкур 20 тонна пахта қабул намуда, дар он 6 нафар сокинон ба ҷои кор таъмин гардидаанд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта ба меҳнату заҳмати мутахассисон баҳои баланд дод.

АКС: Шуъбаи итттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Декабрь 14, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд