Дар шаҳри Норак бо иштироки маъюбон ҳамоиш баргузор шуд

Декабрь 10, 2023 11:41

НОРАК, 10.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати дастгирӣ намудани шахсони дорои имконияти маҳдуд  дар тарабхонаи «Сайёд»-и шаҳри Норак бо густурдани дастурхони идона барои 60 нафар маъюб ва аъзои оилаи онҳо ҷамъомади бошукуҳ доир гардид, ки он ба амалӣ намудани сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона шудааст. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомад иброз гардид, ки бо мақсади дастгирии давлатии ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат ва беҳтар гардонидани дастрасии онҳо ба хизматрасонии гуногуни давлатӣ  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон доир ба масъалаи муқаррар намудани дастгирии иловагии давлатӣ тавассути кумакҳои суроғавии иҷтимоӣ чораҳои муассирро амалӣ менамояд.  Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат таваҷҷуҳ ба маъюбон ва оилаҳои ниёзманд ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, ҷиҳати дастгирии давлатӣ ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти онҳо аҳамияти махсус зоҳир мегардад.

Дар байни маъюбон кормандони соҳаҳои гуногуни меҳнатӣ,  шуруъ аз меҳнаткашон то арбобони барҷастаи сиёсӣ, илму фарҳанг, қаҳрамонони ҷангу меҳнатро дидан мумкин аст, ки онҳо низ дар доираи имконияти худ дар ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок намуда, дар ташкилоту корхонаҳо фаъолияти пурмаҳсул менамоянд ва ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.

Дар шаҳри Норак низ баҳри ғамхории ҳамешагӣ ба маъюбон пайваста ғамхорӣ зоҳир гардида, кормандони ниҳодҳои дахлдор мунтазам аз ҳоли онҳо бохабар мебошанд.

Дар анҷоми ҳамоиш барномаи рангини фарҳангӣ манзури иштирокчиён гардонида шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Декабрь 10, 2023 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст