Дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода барои зарфҳои пластикӣ қуттиҳои партов гузошта шуданд

Декабрь 13, 2023 14:20

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода дар 10 мавзеи шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода қуттиҳои партов барои зарфҳои пластикӣ гузошта шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Дар назар аст, ки чунин қуттиҳо дар дигар ҷойҳои серодами шаҳри Турсунзода низ насб гарданд.

Ин қуттиҳо асосан барои зарфҳои пластикӣ пешбинӣ шуда, ҳадаф аз насби онҳо тоза нигоҳ доштани шоҳроҳ, ҷамъоварӣ ва коркарди дубораи зарфҳои пластикӣ ва ба ин васила коҳиш додани таъсири манфии зарфҳои пластикӣ ба табиат мебошад.

Дар шакли зарфи пластикӣ сохтани қуттиҳо таваҷҷуҳи сокинонро ҷалб намуда, имкон медиҳад, ки партовҳои пластикӣ коркард шаванд. Ҳамзамон насби ин гуна қуттиҳо метавонад ба баланд бардоштани маърифати сокинон мусоидат намояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Декабрь 13, 2023 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд