Дар вилояти Суғд баъди таҷдид бинои филиали «Амонатбонк» ифтитоҳ гардид

Декабрь 12, 2023 13:49

ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори таҷлили  35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази  маъмурии вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд баъди таъмиру таҷдид бинои филиали № 23-и Корхонаи воҳиди давлатии  (КВД)  «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар вилояти Суғд  ба истифода дода шуд.

Дар КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки иншоот  мутобиқ ба талаботу меъёрҳои замони имрӯз таъмиру навсозӣ гардида, корҳои таҷдид дар он дар муҳлати кӯтоҳ бо сатҳу   сифати баланд иҷро гардиданд. Аз ин ба баъд хизматрасонии бонкӣ дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ, ки аз се ошёна ва таҳхона иборат аст, дар шароити мусоид ба роҳ монда мешавад.

Масоҳати бинои филиал бештар аз 3 ҳазор метри мурббаъ буда, дорои қариб 40 ҳуҷраи барҳавои корӣ, толори маҷлис бо 200 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои нигоҳдории ашёи қиматнок, анбор, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

«Амонатбонк», ки яке аз бонкҳои низомсози мамлакат аст, дар вилояти Суғд нисбат ба дигар ташкилоти қарзию молиявӣ ба нишондиҳандаҳои назарраси молиявӣ ноил гардидааст. Зиёд гардидани дорандагони кортҳои бонкӣ, пешниҳоди ҳарчи бештари қарзҳо, афзоиши пасандоз, интиқоли маблағ ва тақвияти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ далели ин гуфтаҳо аст.

Ҳоло дар филиали №23-и «Амонатбонк» дар вилояти Суғд 60 мутахассис фаъолият дорад, ки бештари онҳоро занону духтарон ташкил ташкил медиҳанд.

АКС: «Амонатбонк»

Декабрь 12, 2023 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд