Дар Ёвон шуъбаи таваллудии Беморхонаи минтақавии №2 ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 16.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон шуъбаи таваллудии Беморхонаи минтақавии № 2 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Дар ифтитоҳи ин муассисаи тиббӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки шуъбаи таваллудии Беморхонаи минтақавии № 2 дорои 6 кат, 9 ҳуҷра, аз ҷумла як ҳуҷраи қабул, як ҳуҷраи валодат, як ҳуҷраи эмгузаронӣ, як ҳуҷраи табиб, се ҳуҷра барои бистаркунонӣ, як ҳуҷраи озодакор, ташноб ва ҳаммом иборат буда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорон бо харҷи беш аз 750 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
Илова ба маблағи корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ дар ҳаҷми 176 ҳазор сомонӣ барои ин муассиса таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла, автоклав, стсос, қуттӣ барои ёрии фаврӣ, яхдон ва дигар лавозимот харидорӣ шудааст. Пас аз ба истифода додани шуъбаи таваллуд 13 нафар табибон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Шуъбаи таваллудии Беморхонаи минтақавии №2 дар шаҳраки Ҳаёти Нав метавонад ба сокинони ноҳияҳои ҳамсарҳад ба ноҳияи Ёвон, ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ низ хизмати тиббӣ расонад.
Ҳамчунин, дар ин ҷо нақшаи сохтмони Маркази саломатӣ барои 4300 нафар сокинон муаррифӣ шуд, ки дар оянда сохта, ба истифода дода мешавад.
АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






