ДАРАХТ БИНШОН! Дар маҳаллаи Лучоби шаҳри Душанбе 500 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи Лучоби шаҳри Душанбе дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз 500 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ин тадбир ҷиҳати вусъат додани корҳои ниҳолшинонию сабзкорӣ, ободонию созандагӣ ва омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, инчунин иқдоми наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавриди ба «шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе андешида шудааст.
Чанде пеш чунин маъракаи ниҳолшинонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии «Ҷавонон»-и шаҳри Душанбе гузаронида шуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






