Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти содагардонии расмиёти савдо дар Ҳафтаи АвруОсиёии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд муаррифӣ гардиданд

Декабрь 16, 2023 15:19

 ДУШАНБЕ, 16.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи ҷаласаи навбатии вазирон, ки дар шаҳри Парижи Фаронса оид ба Ҳафтаи АвруОсиёии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) баргузор гардид, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фарҳод Восидиён иштирок намуда, оид ба дастовардҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти содагардонии расмиёти савдо сухан гуфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти иқтидори содиротӣ, дигаргунсамтии содирот ва содагардонии расмиёти савдоро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат  дар соҳаи савдо муайян намуданд, ки дар натиҷаи он дар самти содагардонии расмиёти савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидааст.

Аз ҷумла Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуда, Портали савдои Тоҷикистон ва низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман мавриди истифода қарор дорад. Инчунин якчанд ҳуҷҷатҳои стратегии марбут ба савдо қабул гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат ва тақвияти ҳамгироии тиҷоратии минтақавӣ мусоидат менамояд.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро бо дигар кишварҳои минтақа дар заминаи рушди иқтидори бузург дар соҳаҳои энергетика, саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дорусозӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, логистика, сайёҳӣ, инчунин густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар самти рақамикунонӣ ва гузариш ба «иқтисоди сабз» мебинад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 16, 2023 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд