Деҳқонони ноҳияи Кӯшониён дар парвариши лимӯ таҷрибаи бой доранд
ДУШАНБЕ, 15.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар ноҳияи Кӯшониён 263,6 тонна лимӯ ҷамъоварӣ шудааст, ки аз он дар бахши ҷамъиятӣ аз 9,0 гектар — 133 тонна ва аз 30,6 гектари аҳолӣ 130,6 тонна ҳосил рӯёнда шудааст. Ҳосилнокии лимӯ аз 1 гектар 66,5 сентнериро ташкил медиҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Кӯшониён дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 48 гектар гармхонаҳои лимӯпарварӣ мавҷуд аст, ки аз он 39,6 гектар ҳосилдиҳанда мебошад.
Деҳқонони ноҳия дар парвариши лимӯ таҷрибаи бой дошта, аз ҳисоби фурӯши мева ва ниҳоли он даромади хуби иқтисодӣ мебинанд.
Масалан, дар Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар», ки роҳбариашро Маҳмадтолиб Ҷобирзода ба уҳда дорад, 10 гармхона бунёд шудааст. Сохтмони гармхона аз соли 2012 оғоз гардида, соли 2016 аз тарафи Президенти мамлакат зимни як сафари корӣ ба истифода дода шудааст. Баъди бунёди гармхона 6 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Тибқи иттилои Маҳмадтолиб Ҷобирзода, истеҳсоли лимӯ дар хоҷагӣ соли 2022 — 40 тоннаро ташкил дода, соли равон мақсад доранд ҷамъоварии онро ба 50 тонна расонанд.
«Маҳсулоти истеҳсолшударо мо дар дохили мамлакат ба фурӯш бароварда, онро ба Федератсияи Русия низ содирот менамоем. Даромади хоҷагӣ аз ҳисоби гармхона аз 300 то 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад», — мегӯяд ӯ.
Муассиси хоҷагӣ ба нақша гирифтааст, ки дар 3,0 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда бунёд намуда, аз ҷумла дар майдони 2,0 гектар лимӯ парвариш намояд ва дар майдони 1,0 гектар сабзавоти барвақти кишт намояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






