Доир ба афзалияти рушди бахши молиявӣ дар давраи гузариш ба иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд

Декабрь 7, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 07.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Афзалияти рушди бахши молиявӣ дар давраи гузариш ба иқтисоди рақамӣ»- таҳти чунин унвон имрӯз бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар конференсия иброз гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои меъёрии ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ ташаккул меёбанд ва якчанд ҳуҷҷати давлатӣ, аз ҷумла Консепсияи ҳукумати электронӣ, Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ ва Консепсияи иқтисоди рақамӣ қабул гардида, мавриди истифода қарор доранд.

Иқтисоди рақамӣ- ин рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ тавассути истифодаи васеи технологияҳои рақамии компютерӣ мебошад, ки ба баланд бардоштани маҳсулнокии истеҳсолот, таҷҳизот, нигоҳ доштан, фурӯш ва дастрас намудани молу хизматрасониҳо мусоидат менамояд. Амалисозии иқтисоди рақамӣ имкон медиҳад, ки хизматрасонии давлатии рақамӣ, рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, даромади буҷет, шаффофият, содагардонии расмиёт, омода намудани мутахассисони лаёқатноки соҳаҳои гуногун, ҷалби технологияҳои муосир ва дар маҷмуъ, сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ беҳтар гардад.

Иштирокдорон зимни маърузаҳо дар самти пешрафти иқтисоди рақамӣ дар самти молия таклифу пешниҳодҳои судманд намуданд.

Гуфта шуд, ки дар қатори давлатҳои ҷаҳони муосир Тоҷикистон қадамҳои аввалини худро ба марҳилаи рушди иқтисодиёти рақамӣ мегузорад. Ин аст, ки бо мақсади вусъат бахшидан ба иқтисодиёти миллӣ ва дар сатҳи иқтисоди ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 тасдиқ гардид.

АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Декабрь 7, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд