Эҳтиёт, пиротехника! Инро на танҳо фурӯшандагон, балки истифодабарандагон низ бояд ба хотир гиранд

Декабрь 11, 2023 17:24

ДУШАНБЕ, 11.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии маводи пиротехникии мамнуъ ва мусодираи маводи таркандае, ки аз ҷониби аҳолӣ ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешаванд, тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Дар ин хусус Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ додааст.

«Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 16-солаи сокини Конибодом ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи пиротехникӣ дастгир гардиданд», — хабар додааст манбаъ.

Аз наврасон 7 ҳазору 520 адад маводи таркандаи тамғаи «Трения» дарёфт ва мусодира гардид. Тибқи ин далел тафтиш идома дорад.

Воридоти маводи тарканда ба ҷумҳурӣ, инчунин истеҳсол ва истифодаи он 15 сол инҷониб манъ мебошад. Сабаби андешидани чунин тадбир соли 2008 он буд, ки истифодаи маводи пиротехникӣ баъзан ба таври фалокатбор анҷом меёбад, пеш аз ҳама, ин сӯхтор, зарар дидани одамон, ихтилоли равонӣ ва нороҳатии зиёд барои пиронсолон ва одамони гирифтори бемориҳои дилу раг мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки барои ғайриқонунӣ ворид намудан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеҳсол, нигоҳдорӣ, фурӯш, ба шахси дигар додани ҳуқуқи моликият ва истифодаи маҳсулоти пиротехникӣ ҷарима ба андозаи аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ҳадди ақалл то 2 сол пешбинӣ шудааст.

Бо вуҷуди ин, ҳамасола дар остонаи таҷлили соли нав мақомоти ҳуқуқ маводи пиротехникӣ мусодира менамоянд.

 Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Декабрь 11, 2023 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд